03:03 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, акс аз бойгонӣ

Варзишгарони ватанию хориҷӣ барои Ҷоми Аҳмадзода сабқат мекунанд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд бо ҳузури раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оғоз гардиданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май таҷлил мешавад,  дар шаҳри Хуҷанд аз намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, куштии камарбандӣ,  миллӣ ва тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирандозӣ ва картинг мусобиқаҳо оғоз гардиданд.

Манбаъ мегӯяд,  Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози мусобиқаҳо, ҳадафро тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва таъмини оммавияти варзиш гуфт.

“Бунёд ва истифодаи инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида, танҳо давоми соли 2018 ва чор моҳи сипаришудаи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 иншооти варзишӣ бо маблағи 12,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 26,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд”, - изҳор дошт раиси вилоят.

Ӯ гуфт, тӯли чор моҳи аввали соли равон дар вилоят беш аз 550 мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ бо иштироки зиёда аз 123,4 ҳазор нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 41 ҳазор нафар духтар гузаронда шуданд.

Манбаъ таъкид кард, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд варзишгарон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон  ва кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сабқат мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ