08:01 24 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Довари канорӣ, акс аз бойгонӣ

Шикасти “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар Бишкек ва Ашқобод

© Sputnik / Максим Богодвид
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 тими “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Бишкек аз “Дордой”-и Қирғизистон ва тими “Хуҷанд” дар шаҳри Ашқобод аз “Олтин Асир” шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, “Истиқлол” аз “Дордой” бо ҳисоби 1:2 ва тими “Хуҷанд” аз “Олтин Асир” бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардиданд.  

Манбаъ афзуд, ки баъд аз чор давр дар садри ҷадвали гурӯҳ бо 7 хол дастаи “Истиқлол” қарор дорад.

“Тими “Олтин Асир” пас аз пирӯзӣ бар “Хуҷанд” бо 6 хол ба ҷои дуюм баромад. Бо чорхолӣ “Хуҷанд” дар ҷои сеюм, “Дордой” дар ҷои чорум мавқеъ доранд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба итилои Кумита дастаҳо барои ягона роҳхат ду бозии дигар анҷом медиҳанд.

“Рӯзи 19 июн “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Истиқлол”, “Дордой” дар меҳмонӣ бо “Олтин Асир” вомехӯранд. Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе “Олтин Асир”-ро қабул менамояд. “Хуҷанд” бошад, дар меҳмонӣ бо “Дордой” бозӣ хоҳад кард”, - хабар дод Кумита.

Ин ниҳод хотиррасон кард, ки танҳо ғолиби гурӯҳи “D” ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.

Мавзӯъҳои асосӣ