09:38 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
В Москве завершился Первый Межнациональный турнир по волейболу

Волейболбозони Бадахшон дар сархати ҷадвали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷой гирифтанд

© Sputnik Антон Девяткин
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
55 0 0

Дастаи волейболбозони Бадахшон дар мусобиқаҳои минтақавию байналамилалӣ низ соҳиби мукофоту ҷоизаҳо гардидааст, аммо давоми 8 соли охир аз феҳристи пешсафон берун шуда буд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Раиси шаҳри Хоруғ, Кишвар Шаҳмирӣ  аъзои дастаи мунтахаби Бадахшон оид ба волейболро ба ҳузур пазируфта, барои пирӯзӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ба онҳо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард, иттилоъ додааст агентии "Ховар".

Бояд зикр намуд, ки дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаҳои минтақавию байналамилалӣ низ соҳиби мукофоту ҷоизаҳо гардидааст.  Аммо давоми 8 соли охир ба сабаби  пай дар пай  иваз шудани мураббиёну бозингарон ин даста аз феҳристи пешсафон берун шуда буд.

Сармураббии нави дастаи мазкур Раҳмат Алифшоев гуфт, ки "миёни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бахусус донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ варзишгарони бомаҳорат хеле зиёданд, аммо дар чанд соли охир онҳо дар канор монданд. Мо аз аввали сол ҳамаи ин варзишгарон дар Қасри варзиши шаҳр ҷамъ оварда, моҳе як бор байнашон мусобиқа баргузор намуда, беҳтаринҳоро дар дасати мунтахаб шомил намудем. Ин заҳмати мо натиҷаи хуб дод".

Ба гуфтаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев дар се моҳи соли равон варзишгарони вилоят дар 6 чемпионат ва 4 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ширкат намуда, сазовори соҳиби 30 медал гардиданд. Яъне  8 медали тилло, 12 медали нуқра ва 8 медали бринҷӣ. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят се Кохи муосири варзишӣ ва зиёда аз 280 майдончаҳои варзишӣ мавҷуд буда, ҳар як ҷавон метавонад, ки ба дилхоҳ намуди варзиш машғул шавад.

Барчаспҳо:
сабқати волейбол, волейбол, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ