19:03 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
112 0 0

Пагоҳ,  19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дар шаҳри Душанбе дави миллӣ   баргузор мешаванд.

  ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи  ҷавонони  Тоҷикистон пагоҳ, 19 майи соли 2019 дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор мегарданд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пагоҳ,  19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дави миллӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то  Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе  баргузор мешаванд.

Дар мусобиқаи марафони велосипедронӣ  варзишгарон ва  дӯстдорони ин намуди зебои варзиш  ширкат  меварзанд.

Дар   дави миллӣ тамоми кормандони  вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти  миёнаи касбии пойтахт  иштирок менамоянд.

Бояд зикр кард, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон   дави миллӣ   ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ  дар  тамоми  ҷумҳурӣ  баргузор мегардад. 

Барчаспҳо:
мусобиқа, марафони велосипедронӣ, Душанбе, дав

Мавзӯъҳои асосӣ