Таъиноту медалҳо: аз мақомгирии Шамсулло Соҳибов, Мавзуна Чориева ва Назаров то 59 медал

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов, ҳангоми боздид аз "Сафед-дара", ноябри соли 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов, ҳангоми боздид аз Сафед-дара, ноябри соли 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, ҳафтаи равон роҳбарони комиссияҳои доимамалкунандаи ин ниҳодро таъин кард

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳафтаи равон зимни ҷаласаи Кумитаи иҷроия 6 комиссияи доимӣ ва роҳбаронашон интихоб шуданд.

Супоридани мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои Осиё - 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Шамсулло Соҳибов аз номи Президент ба варзишгарон маблағ дод

“Аз ҷумла, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров раиси Комиссияи варзишгарони Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси Комиссияи зан ва варзиш интихоб шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита дар маҷмуъ оғози соли 2019-ро барои соҳаи варзиши мамлакат бобарор арзёбӣ карда, аз мақомгириҳои Рустами Эмомалӣ, Шамсулло Соҳибов, Аҳтам Абдуллозода ва Маҳмадшо Абдуллозода дар ниҳодҳои байналмилалии варзишӣ зикр кардааст.  

Аз ҷумла Шамсулло Соҳибов, муовини Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои олимпии Осиё узви Кумитаи молияи ин Шӯро интихоб шудааст. Муовини дигари президенти Кумитаи миллии олимпӣ, Аҳтам Абдуллозода узви кумитаи сулҳ бо роҳи варзиши Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардидааст.

Главы государств Центральной Азии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мансабҳои домодҳои "эрка"-и раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Инчунин Кумита зикр кард, ки Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё ва директори генералии Кумита, Латипов Эркин узви кумитаи фарҳанги Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардиданд.

Дар мавриди дастовардҳои варзишгарон Кумита таъкид кард, ки дар маҷмуъ варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи намудҳои олимпии варзиш аз 1 январ то 15 майи соли 2019 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори 59 медал, аз ҷумла 18 тилло, 15 нуқра, 26 биринҷӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0