07:54 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1971 0 0

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар дави миллӣ, ки ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мешавад, иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар дави миллӣ дар шаҳри Хоруғ, дар баробари сокинон ва раиси вилоят, инчунин генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии ҶТ, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ иштирок доштанд.

Дави миллӣ бо иштироки Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии ҶТ дар Хоруғ
Акс аз саҳифаи Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси ВМКБ
Дави миллӣ бо иштироки Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ва генерал Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии ҶТ дар Хоруғ

Дави миллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар аз соли 2007-ум инҷониб ҳар якшанбеи сеюми моҳи май, дар арафаи  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мешавад, баргузор мегардад. Ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати ВМКБ дар пайи анҷоми дави миллӣ дар шаҳри Хоруғ, Ёдгор Файзов ғолибонро бо мукофотҳо қадрдонӣ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ