Варзишгарони Узбакистон Ҷоми раиси Суғдро ба даст оварданд

CC0 / Pixabay / Шахматы, архивное фото
Шахматы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд як қатор мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мегардад, ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи шоҳмот дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардида, миёни бонувон  ҷойи якуму сеюмро намояндагони Узбакистон - Робияхон Сардорова ва Зарнигор Абдулатипова сазовор шуданд.

Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

“Ҷойи дуюмро Рухшона Саидова аз Тоҷикистон ба даст овард. Миёни мардон низ ҷойи якум насиби Асилбек Собиров аз Ҷумҳурии Узбакистон гардид. Ҷойи дуюмро Маъруфҷон Иномҷонов аз Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Оқилбек Сотибоев аз Қирғизистон ишғол намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар толори варзишии “Чемпион”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи волейбол миёни бонувон бо пирӯзии тими Ҷумҳурии Узбакистон анҷомид. Ҷои дуюмро тими ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои сеюмро дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ишғол карданд.

Дар сабқати куштии камарбандӣ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки  122 варзишгар аз Душанбе, Суғд, ва Хатлон, варзишгарони вилояти Суғд дар ҳамаи гуруҳҳои вазнӣ ғолиб шуда, ҷои аввалро ишғол карданд.

“Хатлон-1 ҷои дуюм, Хатлон-2 ҷои сеюмро сазовор гаштанд. Ғолибон бо ҷом, медалу диплом ва ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0