Қуръакашии даҳ тими бонувони футболбоз барои қаҳрамонии Тоҷикистон

Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон 21 май маросими қуръакашии лигаи футболи бонувони кишварро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли ФФТ хабар дод, ки агар дар мавсими гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон ҳамагӣ 6 даста иштирок карда бошанд, пас имсол 10 даста вориди майдон хоҳанд шуд.

Шахматы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишгарони Узбакистон Ҷоми раиси Суғдро ба даст оварданд

Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи қаҳрамонӣ даҳ тим аз шаҳру навоҳии гуногун, аз ҷумла “Зебонисо” аз Душанбе, “Хатлон” аз Бохтар, “Регар-ТадАЗ” аз Турсунзода, “Барқ” аз Норак, “Ситора” аз Фархор, “Зебо” аз Дӯстӣ, “Чашма” аз Шаҳритӯс, “Равшан” аз Кӯлоб, “Бешкент” аз Носири Хусрав ва “Конибодом” аз Конибодом иштирок хоҳанд кард.

Чемпионат дар ду марҳила сурат мегирад ва ҳар даста бо дастаҳои дигар дубозигӣ - дар хона ва дар сафар анҷом медиҳанд. Умуман, ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал рӯзи 9 июн “Хатлон” бо “Конибодом”, “Регар-ТадАЗ” бо “Бешкент”, “Барқ” бо “Равшан”, “Зебонисо” бо “Чашма”, “Ситора” бо “Зебо” вомехӯранд.

“Тамоми хароҷоти чемпионат, мисли либоси варзишии дастаҳо, ҳаққи хизмати доварон, хароҷоти роҳи дастаҳо, тӯбҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи “FIFA Forward” пардохт мегардад”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита зикр кардааст, ки ғолиби феълии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Лентаи хабарҳо
0