Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Русия бо Полша сабқат мекунад

© Федерация футбола ТаджикистанаЮношеская сборная Таджикистана, архивное фото
Юношеская сборная Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” дар шаҳри Санкт-Петербург бо мунтахаби Полша сабқат мекунад

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар  доираи омодагӣ ба Чемпионати Ҷаҳон – 2019 дар Бразил ба шаҳри Санкт Петербург меравад.

Девушка во время тренировки по боксу - Sputnik Тоҷикистон
Бокс дар барномаи олимпиадаи Токио-2020 монд

“Мусобиқаи 31-уми байналмилалӣ ба хотири аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин аз 4 то 14 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад”, - иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, дар мусобиқа иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст.

Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Полша, Қирғизистон ва Русия-2 бозӣ мекунад. Зери парчами дастаи дуюми Русия тими Санкт-Петербург – ғолиби соли гузаштаи мусобиқа - баромад мекунад.

Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон “фарзандон”-ро табрик кард: ӯ гуфт, кай шароити зиндагии ҳама шоиста мешавад

Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Булғория, Молдова, Русия, Ҳиндустон ва гурӯҳи “В” аз дастаҳои Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.

Тими наврасони Тоҷикистон аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи Русия-2 ва 10 июн бо наврасони Полша вомехӯранд.

Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0