Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои миллии Афғонистону Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

© SputnikСборная Таджикистана по футболу, архивное фото
Сборная Таджикистана по футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи июни соли равон бо дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Чин бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон футболбозони тоҷик бозии аввали дӯстонаи худро  7 июн  соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо  футболбозони афғон баргузор менамоянд.

Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Бозии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 11 июн  дар шаҳри Гуанҷоу бо дастаи мунтахаби Чин баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки футболбозони  дастаи мунтахаби Тоҷикистон  аз 1 июн дар шаҳри Душанбе ба тамрин шурӯъ намуданд ва ба бозиҳои мазкур омодагӣ мегиранд.

Сармураббии даста Усмон Тошев 25 бозингарро даъват кардааст: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Дар байни онҳо чаҳор нафарашон дар дастаҳои  футболи Булғористон, Индонезия, Қирғизистон ва Малайзия бозӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0