Тими наврасони Тоҷикистон қувваозмоӣ бо тими Юнонро 4:4 анҷом дод - видео

© ФФТФутболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё
Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” бозии аввалашро дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотири Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо тими наврасони Юнон мусовӣ – 4:4 анҷом дод

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, нимаи аввали дидор бо ҳисоби 3:1 ба нафъи юнониҳо ба поён расид. Футболбозони Тоҷикистон дар нимаи дуюм тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

“Ҳисобро дар дақиқаи 10-ум бозингари тими ҳариф Тимианис кушод. Дар дақиқаи 34-ум бозингари тими Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов ҳисобро баробар кард. Юнониҳо дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ тавассути голҳои задаи Мичелис ва Тимас ҳисобро афзуданд”, - иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки Рустам Соиров дар дақиқаи 63-юм аз пеналтӣ ва дар дақиқаи 70-ум ду гол зад. Як голии дигари дастаҳоро Тсакирис дар дақиқаи 66, Ислом Зоиров дар дақиқаи 67-ум ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳ тими наврасони Туркия бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Дар даври навбатӣ тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов 7 июн бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе дар назар аст.

Дар бозии ниҳоии гурӯҳӣ - 10 июн ҳарифи тими Тоҷикистон дастаи наврасони Туркия мебошад.

Дар Мусобиқа ба хотираи Гранаткин 12 даста иштирок доранд, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Боқимонда дастаҳо барои ҷойҳои 5-12 мусобиқаро идома медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0