09:45 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва Сабрина Абророва, ғолиби Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар риштаи шоҳмот

Оғози мусобиқаи шоҳмот: Абдуллозода гуфт, раисиҷумҳур 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза ҷудо кард

акс аз саҳифаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Кумита миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи Ҷоми Пешвои миллат дар риштаи шоҳмот бо пеш кардани муҳраҳои шоҳмот аз ҷониби Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва Сабрина Абророва, ғолиби Бозиҳои ҷаҳонии наврасон оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва  намояндаи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур Адҳам Маъмурзода мусобиқаи ҷумҳуриявӣ шоҳмотбозон барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат расман оғоз гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода дар маросими кушодашавии мусобиқа гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ бори аввал Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мешавад.

“Даври аввали мусобиқа дар сатҳи шаҳраку маҳалла, деҳаҳо, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ, даври дуюм бо иштироки ғолибони даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври сеюми мусобиқа бо иштироки ғолибони даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва бо иштироки ғолибони даври сеюм 1-5 октябр даври финалии мусобиқа дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шаҳомати хоса доир хоҳад гашт”, - изҳор доштааст Абдуллозода.

Ӯ таъкид кардааст, ки Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аллакай аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст. Барои ҷои якуми даставӣ 30 000 сомонӣ, барои ҷои дуюми даставӣ 25 000 сомонӣ, барои ҷои сеюми даставӣ 20 000 сомонӣ ва барои ғолибони мусобиқоти инфиродӣ дар се синну сол 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст. 

Адҳам Маъмурзода, намояндаи дастгоҳи раисиҷумҳур зимни суханронӣ гуфт, шоҳмот намуди варзише мебошад, ки барои ташаккули шахсияти инсон мусоидат мекунад.

Ӯ афзуд, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон 3 сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар барномаи таълимии шоҳмот ва маҳфилҳову дастурамалҳо ба роҳ монда шудааст, ки заминаи мусоид барои рушди ин намуди варзиши қадимии мардуми тоҷик дар кишвар мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ