Мақоми 11-уми тими Тоҷикистон дар мусобиқаи Гранаткин-омодагӣ барои Ҷоми ҷаҳон - 2019

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петурбурги Руссия ҷои 11-умро ишғол кард

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби наврасони кишвар таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов дар бозии охирини худ барои ҷои 11-ум  бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Манбаъ афзуд, голи ягонаи дидорро дар дақиқаи 39-уми бозӣ Озодбек Панҷиев зад.

Футболбозони навраси Тоҷикистон ҳангоми гирифтани медалҳои нуқраи Ҷоми Осиё - Sputnik Тоҷикистон
Тими наврасони Тоҷикистон қувваозмоӣ бо тими Юнонро 4:4 анҷом дод - видео

Тими наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур, ки як марҳилаи омодагии даста ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба шумор меравад, дар умум 5 бозӣ анҷом дод.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври гурӯҳӣ бо дастаҳои Юнон - 4:4, Қирғизистон - 1:1 мусовӣ бозӣ карда, аз дастаи Туркия - 0:5 шикаст хӯрд. Сипас, дар бозӣ барои ҷойҳои 9-12 аз дастаи Арманистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, дар бозӣ барои ҷои 11-ум бар Ҳиндустон - 1:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷои 9-ум Арманистон Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Шоми имрӯз, 13 июн дастаҳои Молдова – Булғористон барои ҷои ҳафтум, Эрон – Юнон барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд. Рӯзи 14 июн Руссия-2 – Туркия барои ҷои сеюм ва дастаҳои Русия – Аргентина дар финал бо ҳам вомехӯранд.

Лентаи хабарҳо
0