10:23 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Ҳунарнамоии тими мунтахаби ҶТ дар марҳалаи selfdefence

Таеквандочиёни тоҷик аз Узбакистон 19 медал оварданд

Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

Таеквондочиёни Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи байналмилалии “Namangon Open” сазовори 19 медал, аз ҷумла 4 тилло, 5 нуқра, 10 биринҷӣ гардиданд

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа 11-13 июн дар маҷмааи варзишии “Паҳлавон”-и шаҳри Намангони Узбакистон аз рӯи чор дараҷаи синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон бо иштироки 1650 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дастаи кишвар дар ҳайати 82 варзишгар, 16 мураббӣ ва 3 довар ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардида, ба гирифтани 19 медал даст ёфтанд.

Қармишев таъкид кард, ки аз 16 мураббӣ 3 мураббии дастаи мунтахаб - Фозилов Далер, Фозилов Ислом ва Тошматов Сафарбек буда,  боқимонда мураббиён аз минтақаҳои Тоҷикистон буданд.

“Соли гузашта аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои мураббиёни намуди таеквондо курсу семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда шуд ва мақсади сафарбар кардани онҳо ба ин мусобиқа андухтани таҷриба буд. Яъне, мураббиён тарзу усулу қоидаҳоеро, ки дар семинарҳо ба таври назариявӣ омӯхтанд, дар мусобиқаи берун аз кишвар ба таври амалӣ диданд”, - изҳор доштааст раиси Федератсияи таеквандо.

Дар ин мусобиқаи мазкур аз Тоҷикистон инчунин доварони сатҳи байналмилалӣ Вафоназар Аланазаров, Ошӯр Ошӯрмуҳаммадов ва довари дараҷаи миллӣ Даврон Нарзуллоев рақобатҳоро ҳакамӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ