21:59 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Серебряный призер Таджикистана Дильшод Назаров празднует победу на турнире по легкой атлетике в рамках Азиатских игр 2018

Дилшод Назаров ба мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон омодагӣ мебинад

JEWEL SAMAD
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Назаров моҳи августи имсол дар Универсидаи ҷаҳонӣ дар Неаполи Италия ва Ҷоми Узбакистон дар Тошканд низ ширкат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дилшод Назаров, гурзандози номдори тоҷик, қаҳрамони Олимпик дар ҳоли омодагӣ ба мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилои маркази матбуотии кумитаи умури ҷавонон ва варзиши ҶТ, Назаров нахустин давраи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонро рӯзҳои 24 июн-1 июл дар Чехия баргузор мекунад. Ҷоми Ҷаҳон имсол рӯзҳои 26 сентябр-2 октябр дар Қатар барпо хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Назаров моҳи августи имсол дар Универсидаи ҷаҳонӣ дар Неаполи Италия ва Ҷоми Узбакистон дар Тошканд низ ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки миёни медалҳое, ки Назаров дарёфт кардааст, ҳанӯз медали ҷоми ҷаҳон нест.

Мавзӯъҳои асосӣ