21:28 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Серебряный призер Таджикистана Дильшод Назаров празднует победу на турнире по легкой атлетике в рамках Азиатских игр 2018

Чор донишҷӯ дар Хуҷанд ҳайкали Дилшод Назаровро тарошиданд

JEWEL SAMAD
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Дар саҳни бинои якуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайкараи варзишгари тоҷик Дилшод Назаров қомат афрохт

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Чор донишҷӯ дар Хуҷанд ба варзишкори машҳури тоҷик Дилшод Назаров ҳайкал тарошиданд, гузориш медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манобеъ, пайкара аз ҷониби хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултаи санъати донишгоҳи номбурда Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Мӯъминов ва Комилҷон Ҳасанов тарошида шудааст.

Дар Хуҷанд нимпайкараи Дилшод Назаровро гузоштанд

Хатмкунандагон ҳайкалҳоро бо роҳабри академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рустам Маҷидов омода намуда, бо ҳамин роҳ рисолаҳои хатми худро ҳимоя намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода аз маҳсули дасти хатмкунандагон дидан намуда, барои боз ҳам вусъат додани чунин корҳо ва бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ дар вуҷуди ҷавонон маслиҳатҳо додааст.

Дилшод Назаров дорандаи медали тиллои олимпӣ моҳҳои апрел қаҳрамони Чемпионати Осиё-2019 шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё мебошад. Ӯ қаблан солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта, ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад. Дилшод Назаров, инчунин, 3 маротиба дар Бозиҳои Осиё ғолиб омадааст.

Мавзӯъҳои асосӣ