20:08 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Бозии мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон

Баъди шикаст бо ҳисоби 0 - 4: Узбакистон бозии дуюм бо Тоҷикистонро бурид

сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дуюми рафиқонаро бо ҳамтоёни Узбакистон бохтанд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозии ҷавобии рафиқона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбакистон – “U-16” бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

“Бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 21-ум футболбози навраси тоҷик Хуршед Давлатзода кушод. Аммо 7 дақиқа то танаффус меҳмонон тавассути голи задаи Шаҳзод Акрамов ҳисобро баробар карданд”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, голи ғолибиятро дар дақиқаи 63-юм Муҳриддин Позлиддинов аз зарбаи ҷаримавӣ зад.

Бохт дар бозии рафиқона дар ҳолест, ки ду рӯзи қабл, дар бозии аввали рафиқона дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолонашон аз Узбакистон бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда буд.

Бозиҳои рафиқонаи баргузоршуда барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёфт, ки 14-22 сентябр дар Урдун баргузор мешавад. Дар давраи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бо тимҳои наврасони Урдун, Шри-Ланка, Кувайт ва Непал бозӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ