03:13 08 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода

Каримзода майдони сохташуда аз ҳисоби гумрукчиёнро ба истифода дод

ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
17801

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе майдончаи варзишии аз ҳисоби ниҳоди тобеяш сохташударо ба истифода дод

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон,  майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконаи навбатӣ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев назди бинноҳои истиқоматии 141/4, 141/5, 141/6 ва 141/7 – и ноҳияи Сино ҷойгир мебошад.

Хадамоти гумрук масоҳати майдони бунёдкардааш дар Душанберо  2700 метри мураббаъ арзёбӣ кард.

Манбаъ афзуд, ки иншооти мазкур аз майдончаҳои универсалии бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхӯшии кӯдакон, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ ва нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинон иборат мебошад.

Хадамоти гумрук ин иқдомро аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, дар доираи супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои мутобиқ намудани пойтахти кишвар ба меъёрҳои муосири шаҳрдорию шаҳрсозӣ ва дар заминаи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ба шумор меравад.

“Истиқоматкунандагони кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур, аз куллан дигаргун гардидан ва ободу зебо гаштани мавзеи ҷойгиршудаи майдончаи варзишӣ ва масоҳати гирду атрофи он изҳори қаноатмандӣ намуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кардааст, ки корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзишии воқеъ дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансур низ, аз рӯи лоиҳаи пешниҳодшуда дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар рӯзҳои наздик барои истифодабарӣ омода карда мешавад.

Хадамоти гумрук илова намудааст, ки минбаъд низ нақшаи чорабиниҳои тасвибкардаи  Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур барои ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолият чораҳои дахлдор хоҳад андешид.

Барчаспҳо:
сохтмонӣ, майдончаи варзишӣ, Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ