Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти дуюмин Бозиҳои аврупоӣ - акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМаросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи миллии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск
Маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи миллии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 30 июн дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск иштирок кард

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиши калони варзишӣ бо даъвати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ширкат варзид.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Путин ҳам галстукашро кашид: мулоқоти ғайрирасмӣ ва ғизохӯрии се президент - аксҳо

Манбаъ афзуд, ки бозиҳои аврупоӣ маҷмуъи мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ байни варзишгарони кишварҳои аврупоӣ буда, дар ҳар як чор сол як маротиба гузаронида мешавад.

Аз 12 то 28 июни соли 2015 Бозиҳои якуми аврупоӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои аврупо байни ҳам рақобат карданд.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти дуюмин Бозиҳои аврупоӣ - акс - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими пӯшидашавии дуюмин Бозиҳои аврупоӣ дар Варзишгоҳи милии олимпии “Динамо”-и шаҳри Минск

Ба бозиҳои аврупоӣ намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бадминтон, баскетбол, волейбол, бокс, муҳорибаи озод, юнонию римӣ, велосипедронии занона, шиноварӣ, куштаии ҷудо ва самбо, карате, тенниси руйи миз, камонварӣ, шамшерзанӣ ва ғайра шомил мебошад.

Бозиҳои дуюми аврупоӣ таҳти унвони “Вақти ғалабаҳои бузург” дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус аз 21 июн то 30 июн ҷараён гирифта, дар он аз 50 давлати аъзо 3844 нафар иштирок кард. Варзишгарон барои ба даст овардани 200 медал аз руи 15 намуди варзиш талош варзиданд.

Лентаи хабарҳо
0