11:26 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Созиш барои бозиҳои дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Саудӣ

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
60 0 0

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ барои баргузор кардани ду бозии рафиқонаи дастаҳои мунтахаби ҷавонон ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозиҳои рафиқона миёни мунтахабҳои ҷавонони то 18-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 26 ва 29 июл дар шаҳри Таиф баргузор мешаванд.

“Ҳайати асосии тими Тоҷикистонро бозингароне ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразил иштирок мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин, ин бозиҳо барои тими ҷавонони кишвар як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад.

“Тими ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш мунтахабҳои ҷавонони Сурия, Лубнон ва Малдив ҳастанд. Бозиҳои ин гурӯҳ 2-6 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегарданд”, - зикр кардааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Ин ниҳод афзуд, ки ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.

Барчаспҳо:
бозии дӯстона, бозӣ, Саудӣ, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ