01:28 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дзюдо, архивное фото

Шероз Очилов дар Қаҳрамонии Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд

© Judotmz.jimdo
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Шероз дар вазни 71 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон, варзишгари тоҷик Шероз Очилов сазовори медали биринҷӣ шуд, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз мешавад, ки дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Нурсултон ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, Шероз дар вазни 71 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар даври аввал озод буд, сипас бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд.

Шероз сипас дар рақобат барои ҷои сеюм варзишгари ҷопониро бо ҳисоби 10:0 шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Эрон, як медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Узбекистон шуд.

Дар мусобиқаи Гран Прии Туркия 5 паҳлавони тоҷик ширкат хоҳанд кард

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55 кило ба унвони чемпиони Осиё даст ёфт.
Бо ҳамин қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ ба анҷом расид. Интизор меравад санаи 6-7 июл қувваозмоиҳои гуштини тарзи озод доир мегарданд, ки варзишгарони мо дар шаш вазн нерӯ месанҷанд. 

Шаш паҳлавони ҷудокори тоҷик дар “Paris Grand Slam-2019” иштирок мекунанд

Дар қаҳрамонӣ 308 варзишгар аз 19 давлати қитъаи Осиё ширкат доранд. Гуштингирони навраси қора дар намудҳои гуштини озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гуштини занона (10 вазн) барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Барчаспҳо:
биринҷӣ, медал, тоҷик, варзишгар, Чемпионати Осиё оид ба дзюдо

Мавзӯъҳои асосӣ