11:48 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Дав, акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик аз Алмато 11 медал оварданд

CC0 / Pixabay
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Варзишгарони тоҷик дар XXIX мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи варзиши сабук - Ҷоми Гусман Косанов сазовори 11 медал гардиданд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи мазкур  6-7 июл дар шаҳри Алматои ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Манбаъ аз қавли Федератсияи варзиши сабуки Қазоқистон, дар мусобиқаи имсола 220 варзишгар аз 14 давлат – Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Узбакистон, Украина, Ҳиндустон, Эрон ширкат карданд.

“Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Ҷоми Гусман Касанов ба гирифтани 11 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ даст ёфтанд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки Гулсунбӣ Шарифова дар масофаҳои 200 метр бо вақти 23.35 сония ва 400 метр - 52.70 сония ду медали тилло ба даст оварда, дар масофаи 400 метр рекорди миллӣ гузошт.

Медали дигари тиллоро Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58.90 сония сазовор шудааст. Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:51.86, Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 53.00 сония, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х400 метр ва 4х100 метр ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.

Медалҳои биринҷиро Абдурауф Мусоев дар гурзпартоӣ бо натиҷаи 58,70 метр, Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.53 сония, Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.44 сония ва Фаридун Ашуров дар тела додани ядро бо натиҷаи 13.81 метр ба гардан овехтанд.

Ҷоми Гусман Косанов ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук – “IAAF” ва Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё ворид гардидааст ва мусобиқаи рейтингӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбад.

Мавзӯъҳои асосӣ