19:08 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд

"Хуҷанд" аз ду легионераш даст кашид

SIYOVUSH
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Иллати аз даста рафтани ин фуболбозонро дар ҷалби бозингарони маҳаллӣ рабт медиҳанд

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дастаи "Хуҷанд" шартномаро бо се футболбози хориҷӣ қатъ намудааст, хабар медиҳад сомонаи Варзиш.

Бар тибқи иттилои манбаъ, ин даста аз ду бозингари гурҷӣ Торнике Ҷишелашвилӣ, Давид Купатадзе ва ҳимоятгари ӯзбак Асилҷон Бигимқулов  даст кашидаст.

 Гуфта мешавад, тасмими даст кашидан аз ин бозингаронро худи сармураббии даста Виталий Левченко  гирифта, қарордоди ҳамкориро бо онҳо қатъ  намудаст.

Таъйинот: Виталий Левченко сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» интихоб гардид

Бояд тазаккур дод, ки Торнике ва Асилҷон вақтҳои охир бештар аз курсии эҳтиётӣ ба майдон меомаданд, аммо Давид Купатадзе дарвозаи дастаи "Хуҷанд"-ро аз дақиқаҳои аввал ҳимоя мекард. Ӯ дар 18 бозии имсолаи "Хуҷанд" ба дарвозаи худ 18 тӯб сар додааст.

Бозӣ бо «Алтин Асир»: дастаи «Хуҷанд» ба Ашқобод сафар кард

Иллати аз даста рафтани ин фуболбозонро дар ҷалби бозингарони маҳаллӣ рабт медонанд.

Бошгоҳи "Хуҷанд" ҳоло баъди 10 даври мусобиқаи Лигаи Олӣ бо касби 17 имтиёз баъди "Истиқлол" дар зинаи дуюм меистад.

Барчаспҳо:
легионер, футбол, дастаи Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ