Боздиди Абдуллозода аз Суғд ва намоиши дастовардҳои варзишгарони вилоят

© SputnikНациональный день бега в Душанбе
Национальный день бега в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, дар назди Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд аз намоиши варзишгарони вилоят дидан намуд

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дастаҳои каратэ-до, бадминтон, ушу, волейбол, футбол, велесопедронӣ, шашка, шоҳмот ва дигар намудҳои варзиш дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, машғулиятҳои ҷисмонӣ намоиш доданд.

Ахмадзода представил своего нового зама Зайнура Оқилзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд муовини навашро муаррифӣ кард: Азимӣ Зайнура Оқилзода кист?

“Қайд гардид, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 43 муассисаи варзишӣ, 2523 иншооти варзишӣ барои ташаккул додани рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш фаъолият дошта, дар онҳо 18863 нафар ҷавонону наврасон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ фаро гирифта шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар нимсолаи аввали соли 2019 варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 231 медал ба хазинаи варзиши кишвар ворид намудаанд. Дар вилоят чанд соли охир намудҳои варзиши велосипедронӣ, қайиқронӣ, каратэ-до, футбол, волейболи занона рушд намудааст.

Абдуллозода Аҳтам зимни боздид аз намоиши варзишгарон иброз намудааст, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои варзишгарони кишвар тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

“Варзишгаронро мебояд, ки дар машқу тамринҳо фаъолона ширкат намуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ бинанд ва дар баробари дигар варзишгарони давлатҳои дунё маҳорати баланд нишон диҳанд”, - таъкид намудааст Абдуллозода.

Лентаи хабарҳо
0