Рақибони футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол - 2019 маълум шуданд

© © ФФТОлимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020
Олимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони Тоҷикистон бо дастаҳои Аргентина, Испания ва Камерун дар гурӯҳи "Е" қувваозмоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар қароргоҳи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои футбол дар Сюррих маросими қуръакашии Қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17) баргузор шуд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Футбол: ғолиби марҳилаи якуми Чемпионат миёни дастаҳои лигаи олӣ маълум шуд

Бар хабари манбаъ, футболбозони Тоҷикистон бо дастаҳои Аргентина, Испания ва Камерун гурӯҳи дар гурӯҳи "Е" қувваозмоӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, қуръакашии даври финалии Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) дирӯз баргузор шуд.

Дар қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим шуданд. Ду дастаи беҳтарини ҳар гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо ба даври баъдӣ, ки даври плей-офф аст, роҳхат мегиранд.

Созиш барои бозиҳои дӯстона миёни мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Саудӣ

Қаҳрамонии 18-уми ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар чаҳор шаҳри Бразил – Кариасика, Гама, Бразилиа ва Гояниа баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)  - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони тоҷик бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд

Наврасони Тоҷикистон дар даври аввал 28-уми октябр бо Камерун бозӣ мекунанд. 31-уми октябр дар даври дуюм футболбозони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Испания вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов муқобили Аргентина ба майдон мебароянд.

Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Estаdio Klеber Andrade"-и шаҳри Кариасика доир мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0