11:19 22 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ боздид кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода дар шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз толори варзишӣ ва майдончаи варзишии ноҳия дидан намуд.

Манбаъ афзуд, Абдуллозода, ки ҳамчунин муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошад, бо варзишгарон ва мурабиёну масъулини соҳаи варзиш дар Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот намуд.

“Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар ноҳия 29 майдончаи варзишӣ, 5 толори варзишӣ фаъолият дошта, зиёда аз 510 нафар наврасу ҷавон ба варзиш машғул буда, ба онҳо 14 нафар мураббӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш таълим медиҳанд.  Варзишгарони ноҳия пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба варзишгарони ноҳия лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд, таъкид кардааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Мавзӯъҳои асосӣ