Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео

© акс аз сомонаи ФФТТими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол
Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар риштаи футбол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми қаҳрамонии байниминтақавӣ – “Hero Interсontinental Cup 2019”, ки 19 июл дар Аҳмадободи Ҳиндустон ба анҷом расид, ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар бозии ниҳоӣ тими миллии мо бо ҳисоби 0:1 аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд. Голи ягонаро дар дақиқаи 71-ум ҳамлавари кореягиҳо Пак Хион Ил зад.

Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз 7 то 19 июл дар Аҳмадобод бо иштироки тимҳои миллии Ҳиндустон, Тоҷикистон, Сурия ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр доир гардид, ки ҳар даста бо ҳамдигар як бозӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ду даста – Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ 6-холӣ гирифтанд ва дар финал бо ҳам вохӯрданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ҷои дуюм бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 25000 доллари ИМА қадрдонӣ шуд. Ғолиби мусобиқа – тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо 50000 доллар сарфароз гардид.

Лентаи хабарҳо
0