00:17 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

© Sputnik / Vladimir Pesnya
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
207 0 0

Ҳамлавари бошгоҳи "Барселона" ва яккачини Аргентина Лионел Месси аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл - Sputnik. Бар хабари сомонаи ТВ Варзиш, ҳамакнун Лионел  Месси дар бозии якуми марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ба дастааш ёрӣ дода наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки Месси баъди бозии даври ½ ниҳоии Ҷоми Амрико-2019 бар муқобили Бразилия (0:2) кори доварони ин рақобатро ноадолатона хонада, ин мусобиқаро паст зад.

Як зарбаи нокоми Месси мухлисонро шигифтзада кард (НАВОР)

Ба гуфтаи Месси дар рақобат бар муқобили Бразилия бояд, ки довар бо истифода аз системаи видеодовар (VAR) ба дарвозаи мизбони ин мусобиқа камаш ду пеналти таъйин мекард.

Месси зодрӯзашро дар вилояти Маскав таҷлил мекунад

Ҳамин тавр КОНМЕБОЛ аз болои Месси шикоят бурда, ӯро аз як бозӣ муҷозот ва дар ҳаҷми 1,5 ҳазор доллар ҷарима намуд.

Барчаспҳо:
муҷозот, ҷарима, варзишгар, футбол, Лионел Месси

Мавзӯъҳои асосӣ