06:26 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Комроншох Устопириён, архивное фото

Шаш паҳлавони тоҷик ба мусобиқаи “Zagreb Grand Prix 2019” рафтанд

© Фото: Страница Комроншоха Устопириён в Facebook
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 26 июл дар Ҷумҳурии Хорватия мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2019” оғоз гардид ва то 28 июл идома меёбад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, давоми се рӯз 558 варзишгар - 332 мард ва 226 зан аз 87 давлати дунё барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ва беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ талош мекунанд.

Манбаъ афзуд, ки аз Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни 66кг, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода - 73кг, Акмал Муродов -81кг, Комроншоҳ Устопириён - 90кг ва Темур Раҳимов  дар вазни беш аз 100 кило иштирок мекунанд.

“Рӯзи аввал қувваозмоиҳои вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон доир мегардад ва Хайёмиддин Ҷабборов дар даври аввал бо варзишгари Гвинея-Биссау Диого Кесар куштӣ мегирад. Рӯзи 27 июл варзишгарони вазнашон -63кг, -70кг миёни бонувон, -73кг, -81кг миёни мардҳо рӯи татамӣ мебароянд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита иттилоъ дод, ки дар даври аввали вазни -73кг Сомон Маҳмадбеков бо варзишгари Ҷопон Арата Татсукава, Беҳрӯз Хоҷазода бошад, бо намояндаи Австрия Лукас Рейта ва дар вазни -81кг Акмал Муродов бо Алфонсо Солана аз Испания нерӯ месанҷанд.

Дар рӯзи сеюм беҳтаринҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни бонувон, -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо муайян мегарданд. Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал озод аст, ҳарифаш дар даври дуюм ғолиби ҷуфти Санширо Мурао аз Ҷопон ва Қуедҷай Нҳабалӣ аз Украина хоҳад буд.

Темур Раҳимов низ рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад, ки ҳарифаш Ҷур Спийкас аз Нидерланд аст.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ғолибони ҳамаи вазнҳо дар баробари медал соҳиби 3000 доллари ИМА ҷоизапулӣ мегарданд. Барандагони ҷои дуюм бо 2000 доллар ва ду ҷои сеюм бо 1000-долларӣ қадрдонӣ мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ