18:58 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Чемпион Таджикистана душанбинский «Истиклол» завершил свое выступление в Кубке АФК-2019, заняв второе место в группе «D»

АФОМ: мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо дастаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Дирӯз дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни футболбозони то16-сола оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бар хабари Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, тими наврасони Тоҷикистон бозии нахустинашро бо дастаи наврасони Узбекистон мусовӣ (1:1) анҷом дод.

Ба голи задаи ҳамлавари узбакистонӣ Рустам Турдимуродов дар дақиқаи 28-ум, футболбозони тоҷик тавассути голи Алиҷон Айнӣ дар дақиқаи 59-ум ҷавоб доданд. 

Тими Тоҷикистон дар финал аз Кореяи Шимолӣ шикаст хӯрд - видео

Дар даври аввал, инчунин 2 бозии дигар баргузор шуд. Футболбозони навраси Эрон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, бозии Қирғизистон ва Афғонистон мусовӣ – 2:2 – хотима ёфт.

Имрӯз – 27 июл бозиҳои даври дуюм доир мегарданд. Тими наврасони Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи Қирғизистон вомехурад. Оғози бозӣ – соати 18:00. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали мусобиқаи “Hero Interсontinental Cup 2019” роҳ ёфт

Дар ҳамин соат дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷуфти Афғонистон-Туркманистон вориди майдон мегарданд. Соати 20:30 бошад, дар Душанбе бозии Узбекистон бо Эрон оғоз мешавад.  

Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома қаҳрамонии АФОМ (U-16) тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Дастае, ки холҳои бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Барчаспҳо:
Қирғизистон, футбол, бозӣ, мунтахаби Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ