23:15 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Соревнования по гребле, архивное фото

Қаиқронҳои тоҷик барои иштирок дар мусобиқа ба Руминия рафтанд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3910

Тоҷикистонро дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳонӣ оид ба қаиқронӣ ду варзишгар муаррифӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 авг - Sputnik.  Бар хабари Кумитаи миллӣ олимпии Тоҷикистон, аз 1 то 4- уми  августи соли равон дар шаҳри Питештии Руминия Қаҳрамонии  ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонон ва ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ 2 варзишгар ва як мураббӣ - Шаҳриёр Даминов миёни иштирокчиёни то 23-сола, Рустам Умаров миёни ҷавонон бо роҳбарии мураббӣ Зоҳирҷон Набиев бо маблағгузории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Руминия сафарбар гардиданд.

Медали тиллои қаиқрони тоҷик Шаҳриёр Даминов дар қаҳрамонии Осиё

 Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр, Рустам Умаров дар масофаҳои 200 ва 1000 метр иштирок хоҳанд кард. 

Тақдими унвонҳои навбатӣ ба 42 варзишгару мураббии Тоҷикистон

Ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии қаиқронӣ, дар ин мусобиқат варзишгарон аз 61 давлати ҷаҳон дар 17 қувваозмоӣ миёни ҷавонон ва 17 қувваозмоӣ миёни ҷавонони то 23-сола  иштирок мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ