Қаҳрамони Осиё аз Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон рафт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкГреко-римская борьба, архивное фото
Греко-римская борьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи куштии юнонӣ-римӣ миёни наврасон иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 29 июл дар шаҳри Софиаи Булғористон Чемпионати ҷаҳон дар риштаи куштӣ миёни наврасон оғоз шуд, ки то 4 август идома меёбад.

Борьба гуштингири, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Куштигирони Тоҷикистон ба чемпионати Осиё ба Нурсултон мераванд

“Дар се рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар равияи куштаии тарзи озод баргузор шуд. Рӯзи 31 июл рақобатҳо миёни духтарон доир гардида, 2 август ба анҷом мерасад. Се рӯзи охир, ҳамчунин қувваозмоиҳои равияи куштии юнонӣ-римӣ доир мегардад, ки се варзишгари тоҷик иштирок мекунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ аз қавли Федератсияи куштии Тоҷикистон илова намуд, ки ҷумҳурии мо дар равияи куштии юнонӣ-римӣ се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 55кг, Шероз Очилов дар вазни 65кг ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71кг ба Булғорисон сафарбар гардиданд.

Кумита зикр кардааст, ки Фирӯз Мирзораҷабов аввали моҳи июл дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон доир гашт, ба гирифтани медали тилло ва Шероз ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфта буданд.

Дар Чемпионати ҷаҳон дар бахши куштии юнонӣ-римӣ миёни наврасон 231 варзишгар аз 41 давлат иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0