23:35 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Юношеская сборная Таджикистана по футболу

Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019

ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
107 0 0

Тими наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 хол ғолиби Қаҳрамонии СAFA-2019 гардиданд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии даври ниҳоии Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бар тими Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда, ғолиби мусобиқа шуданд.

Бар хабари кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, бозӣ шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Голи ягонаро Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд.

Дар бозиҳои дигари даври панҷум Узбекистон ба дарвозаи Туркманистон 4 голи беҷавоб, Эрон ба дарвозаи Қирғизистон 5 голи беҷавоб заданд.
Ҳамин тариқ, тими наврасони Тоҷикистон бо ба даст овардани 13 хол ғолиби Қаҳрамонии CAFA-2019 шуданд.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

 Ҷои дуюмро бо 10 хол футболбозони Узбекистон ва мақоми сеюмро бо 9 хол футболбозони Эрон ба даст оварданд.
Тими наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар чор даври қаблӣ бо Узбекистон мусовӣ (1:1) бозӣ карда, бар дастаҳои Қирғизистон (2:0), Туркманистон (3:0) ва Эрон (3:0) пирӯз шуд.

Баъд аз бозии Тоҷикистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ маросими ҷоизасупории мусобиқа доир гашт.

Ба ҳайати дастаи Эрон медалҳои биринҷӣ, ба тими Узбекистон медалҳои нуқра ва ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медалҳои тилло ва ҷом тақдим шуд.
Ҳамлавари тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадворис Сайдалиев беҳтарин бозингари чемпионат, футболбози дастаи Афғонистон Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ беҳтарин нишонзан эътироф шуданд.

Барчаспҳо:
қаҳрамон, мунтахаби Тоҷикистон, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ