06:20 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
 Рустам Эмомали поблагодарил молодежную сборную за победу на чемпионате CAFA-2019

Миннатдории Президент аз кумитаи тадорукоти CAFA-2019

ФФТ Таджикистана
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Рустами Эмомалӣ ба кумитаи тадорукоти Қаҳрамонии CAFA-2019 изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба кумитаи тадорукоти Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни наврасони то 16-сола  барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифа ва масъулияти  бардӯшдоштаашон миннатдорӣ изҳор кардааст.

Дар ин бора  АМИТ "Ховар" бо истинод ба шабакаи телевизионии "Варзиш" хабар медиҳад.

"Аз номи  Ассосиатсияи  футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва шахсан аз номи худам ба кумитаи тадорукот миннатдории бепоёни хешро иброз медорам", — гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

Рустами Эмомалӣ дар идомаи суханронӣ гуфтааст, мусобиқа ки дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ гардида давоми маъракаи мазкур як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то дер гоҳ дар хотироти мухлисон нақш хоҳанд баст.

"Бо истифода аз ин фурсат дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои  дарёфти медалҳои  тилло  сидқан табрику  таҳният гуфта, барояшон ғалабаҳои нав ба нав олрзу мекунам", -гуфтааст шаҳрдор.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин минатдории хешро ба роҳбарият ва аъзоёни дастаҳои мунтахаби наврасони Узбакистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизстон  ҷиҳати  иштироки фаъолонаашон дар ин қаҳрамонӣ баён дошта дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри дарёфти роҳхат ба бозиҳои  интихобии Қаҳрамонии Осиё-2020, барору комёбиҳо орзу кардааст.

Бояд гуфт, ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон  Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола  оғоз мегардад.

"Аминам, ки ин мусобиқа низ дар сатҳу сифати  баланд доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон  таҳкиму тақвият мебахшад ва барои сокинон ва меҳмонони ба иди бузурги футбол  табдил хоҳад гашт", – гуфтааст Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Барчаспҳо:
мунтахаб, бозӣ, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ