19:03 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Греко-римская борьба, архивное фото

Ду медали гуштингирони навраси тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
119 0 0

Гуштингирони навраси тоҷик дар Цащрамонии ҷаҳон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал – як нуқра, як биринҷӣ – гардиданд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ба иттилои  Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон, Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин миёни наврасон дар шаҳри Софияи Булғория ҷараён дорад.

Бар хабари манбаъ, Тоҷикистонро  се варзишгар – Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов ва Ҷаъфарҷон Зафарзода дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ  дар қаҳрамонӣ муаррифӣ намуданд.

Медали нуқраро Шероз Очилов дар вазни 65килограмм ба даст овард. Ӯ қувваозмоиро аз даври 1/8-финал оғоз карда, бар варзишгари Арманистон Арман Хачикйан пирӯз шуд.

Дар даври чорякфинал намояндаи Амрико Роберт Паул Перезро шикаст дода, ба нимфинал роҳ ёфт.

Куштигирони Тоҷикистон ба чемпионати Осиё ба Нурсултон мераванд

Дар нимфинал намояндаи Эрон Ҳоҷат Ҳасан Ризоиро мағлуб намуд, вале дар финал аз варзишгари Белорус Дмитрий Бонка мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол кард.

Фирӯз Мирзораҷабов низ рақобатро аз даври ҳаштякфинал оғоз карда, аз варзишгари Ҳиндустон Правил Патил шикаст хурд.

Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар намояндаи Полша Ливиа Томас Скрзипзак ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руссия Умар Будаев пирӯз шуда, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Ҷаъфарҷон Зафарзода дар вазни 71килограмм дар нахустин қувваозмоиаш аз намояндаи Молдова Александрин Гуту шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ёдовар мешавем, ки Фирӯз Мирзораҷабов аввали моҳи июл дар Қаҳрамонии Осиё медали тилло, Шероз Очилов медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Барчаспҳо:
медал, варзишгарони тоҷик, қаҳрамонии ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ