22:46 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Тӯб дар майдон, акс аз бойгонӣ

Тими наврасони футболбози Тоҷикистон ба шаҳри Таиф сафар кард

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз сафари мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар ба шаҳри Таифи Арабистони Саудӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Манбаъ ҳадафи сафарро анҷоми ду бозии рафиқона бо тими наврасони Арабистони Саудӣ гуфт, ки дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 баргузор мешаванд.

Тибқи иттилои Кумита бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ 7 ва 9 август дар назар аст.

Кумитаи миллии олимпӣ зикр кардааст, ки тими мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ чанде қабл ғолиби Чемпионати Федератсияи футболи Осиёи Ғарбӣ – “WAFF” гардида буд, ки 1-11 июл дар Урдун доир гашт.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ғолиби Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – “CAFA” шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими футболи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” ҳамроҳ бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ 14-22 сентябр дар Урдун баргузор мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ