18:32 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Футболист на поле, архивное фото

Ҷоми Тоҷикистон: иштирокчиёни даври чорякфинал муайян шуданд

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Се дастаи лигаи олии мамлакат – “Куктош”, “Истаравшан” ва “Панҷшер” натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бино бар хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол ба анҷом расида, иштирокчиёни даври чорякфинал муайян гардиданд.

Се дастаи лигаи олии мамлакат – “Куктош”, “Истаравшан” ва “Панҷшер” натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд. 

Миннатдории Президент аз кумитаи тадорукоти CAFA-2019

Ҳамин тариқ, дар даври  чорякфинал 5 дастаи лигаи олӣ ва 3 дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани ҷом муборизаро идома медиҳанд.

Дар даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон "Хатлон" бо "Хуҷанд", КМВА "Помир" бо "Регар-ТадАЗ", "Эсхата" бо "Истиқлол" ва "Ҳулбук" бо "Дӯстӣ"  вомехӯранд.

Душанбе мизбони боз як мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ

Бозиҳои аввал 21 август, бозиҳои ҷавобӣ 28 август доир мегарданд.

Барчаспҳо:
Ҷоми Тоҷикистон, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ