08:16 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Национальная сборная Таджикистана провела заключительный матч в 2018 году

Имрӯз марҳилаи дуюми бозиҳои Қаҳрамонии CAFA-2019 дар Душанбе оғоз мешавад

пресс-служба ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ доир шуда, ҳамаи онҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Имрӯз  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни футболбозони то 19-сола оғоз мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бар хабари манбаъ, бозӣ соати 17:00 (ба вақти маҳаллӣ) бо сабқати футболбозони ҷавони Афғонистону Туркманистон  оғоз гардида, онро соати 20:00 дастаҳои мунтахаби футболи Ӯзбекистон ва Эрон идома медиҳанд.

Тоҷикистон - қаҳрамони CAFA-2019

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби футболи  ҷавонони  Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок  мекунанд.

Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ даҳ бозӣ доир шуда, ҳамаи онҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд.

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ муайян шуд

Ёдовар мешавем, ки иштирок дар Чемпионати CAFA-2019  барои дастаи мунтахаби футболи то 19-солаи Тоҷикистон  ин як марҳилаи омодагӣ ба даври муқаддамотии Чемпионати Осиё-2020  маҳсуб мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки тими наврасони зери синни 16- солаи  Тоҷикистон  дар Қаҳрамонии СAFA-2019 бо ба даст овардани 13 хол ғолиби ин мусобиқа гардида буданд.

Барчаспҳо:
бозӣ, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ