06:36 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Греко-римская борьба, архивное фото

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин ду варзишгар намояндагӣ мекунанд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин ду варзишгар: Асламҷон Азизов ва Далер Ризозода муаррифӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари ҷавони тоҷик аз намуди гуштини юнонӣ-римӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштин иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, Қаҳрамонӣ 12 август дар шаҳри Таллини Эстония оғоз гардид ва то 18 август идома меёбад.

Дар мусобиқот беҳтаринҳои ҷаҳон аз рӯи гуштини тарзи озод, гуштини бонувон ва юнонӣ-римӣ  миёни ҷавонон муайян мегарданд. 
Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 67 давлати дунё иштирок мекунанд.

Тоҷикистонро Асламҷон Азизов ва Далер Ризозода  дар гуштини юнонӣ-римӣ намояндагӣ мекунанд. Варзишгаронро дар Эстония сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон Равшан Ҳайдаров ҳамроҳӣ дорад.

Қувваозмоиҳои гуштини юнонӣ-римӣ 16-18 август баргузор мешаванд.

Шероз Очилов дар Қаҳрамонии Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд

Ёдовар мешавем, ки Далер Ризозода соли равон дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра ва дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ гардидааст.

Асламҷон Азизов бошад, дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни ҷавонон барои ҷоизаҳои чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Барчаспҳо:
гуштин, варзишгарони тоҷик, қаҳрамонии ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ