19:21 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15

Бозии тақдирсоз барои мунтахаби наврасони тоҷик: ғолиби мусобиқа имрӯз маълум мешавад

ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
247 0 0

Мунтахаби футболи ҷавонони то 19 - солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон шоми имрӯз вориди майдон мешаванд

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шоми имрӯз бозиҳои ниҳоии Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон ва Узбакистон бо Туркманистон баргузор мешаванд, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13 август бозии даври сеюми Қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои  мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ва Узбакистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Қаҳрамонии CAFA (U - 19) : пирӯзии навбатии мунтахаби Тоҷикистон

Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ҳамин тариқ, баъди ин рақобат, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 7 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор гирифт.

Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Нур" дар Маскав: аксҳо

Мавзӯъҳои асосӣ