Эъломи рӯз ва доварони рақобати мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Стас ЭтвешЛетний турнир по футболу "Кубок Нур" в Москве
Летний турнир по футболу Кубок Нур в Москве  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи дуюми даври интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон 2022 дар гурӯҳи”F” нахустин бозияшро бо тими Қирғизистон баргузор мекунад.

Бар хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии ин ду дастаро доварон аз Қатар ҳакамӣ мекунанд.

Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Нур" дар Маскав: аксҳо

Гуфта мешавад, сардовари ин бозӣ реферии 37 солаи FIFA Хамис Муҳаммад ал Куварӣ таъин шудаст. Ёварони ӯ Юсуф Ориф ал Шаммарии 29 сола ва Заҳу Снайд ал шаммарии 24 сола дар канорҳои майдон доварӣ мекунанд.

Миннатдории Федератсияи футболи Тоҷикистон аз мухлисони тоҷик

Рефери FIFA Аҳмад ал - Алии 35 сола ба ҳайси довари эҳтиётӣ хидмат мекунад. Кадхун Лазим ал Саидӣ нозири доварон ва Башир Шафиқ Холиқ комиссари ин бозӣ таъин шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 5 уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми даври интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон 2022 ва Ҷоми Осиё 2023 дар гуруӯи “F” бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Қирғизистон, Миёнмар ва Муғулистон бозӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0