Шиноварони тоҷик озими Маҷористон шуданд

© акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонШиноварон Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова ҳамроҳи мураббӣ Аҳмадҷон Умаров
Шиноварон Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова ҳамроҳи мураббӣ Аҳмадҷон Умаров  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, кишварро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи шиноварӣ се варзишгар намояндагӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, 20-25 август шаҳри Будапешти ҷумҳурии Маҷористон мизбони 7-ум Чемпионати ҷаҳон дар риштаи шиноварӣ миёни ҷавонон мебошад.

Қаиқрон Шаҳриёр Даминов 5 сонияи зиёди худро дур карданист - Sputnik Тоҷикистон
Даминов ва Рустамов дар сабқат барои Ҷоми Ҷаҳон дар Олмон иштирок мекунанд

"Дар чемпионат иштироки ҳудуди 1000 шиновари ҷавони синнашон 15-18 миёни бонувон ва синни 14-17 миёни мардҳо аз 107 давлат дар назар аст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, аз Тоҷикистон се шогирди Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ – Садам Рамзиёрзода, Ардашер Гадоев ва Нурангез Нурматова бо роҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Аҳмадҷон Умаров рӯзи 18 август озими Маҷористон шуданд.  

Дар ин чемпионат варзишгарон аз рӯи 42 навъи қувваозмоӣ миёни мардҳо ва бонувон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош менамоянд.

"Ҳамаи мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии “Дуна Арена”, ки ду ҳавзи мутобиқ ба стандарти Бозиҳои олимпӣ дорад, мегузарад", - таъкид кардааст Кумита.

Чемпионати ҷаҳон дар риштаи шиноварӣ миёни ҷавонон бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ – "FINA" бори аввал соли 2006 дар Рио де Жанейрои Бразил доир гашта, баъдан соли 2008 шаҳри Монтеррейи ҷумҳурии Мексика, 2011 Лима - Перу, 2013 Дубай -  АМА, 2015 Сингапур ва 2017 Индиана – ИМА мизбони мусобиқа буданд.

Лентаи хабарҳо
0