Муроҷиати мухлисони футбол ба ноиби Президент: доварон ришва мегиранд ё бесаводанд - видео

© Sputnik / Стас ЭтвешБоковой судья, архивное фото
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мухлисони футбол аз шаҳри Истаравшан бо пахши як муроҷиатнома аз ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон хоҳиш намудаанд, то амалҳои беадолатонаи доварон дар вақти бозии футбол, ислоҳ шавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Мухлисони футбол дар муроҷиатномаи худ, ки рӯзи 20-уми август дар саҳфаи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, аз Алишер Уронов, ноиби Президенти Федератсия футболи Тоҷикистон (ФФТ) тақозо  намудаанд, ки хатои доварони футболи тоҷик, бартараф карда шавад.

Дар ин муроҷиатнома, мухлисони футбол норозигии худро аз кори доварони тоҷик баён кардаанд.

“Аз бозии рӯзи 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан миёни дастаҳои "Оби Зулол" -и Истаравшан ва "Хатлон" - и Бохтар собит мешавад, ки доварон ришва мегиранд ва ё онҳо комилан бесаводанд. Зеро довари асосӣ ва даварони канорӣ голи футболбозони “Оби Зулол” - ро сад дарсад ҳисоб накардаанд”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Зрители на спортивном мероприятии - Sputnik Тоҷикистон
Ҷамъбастаи даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол

Дар муроҷиатномаи мухлисони футбол ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон  сар аз Президенти ФФТ то як навраси оддӣ ҳама дар фикри рушду футболи тоҷик ҳастанд, аммо чунин амалкарди  нодуруст ва ғайриҳирфаии доварон ин орзӯи сокинонро барҳам мезанд.

Бозии дастаҳои “Оби Зулол”-и Истаравшан ва “Хатлон”-и бохтар дар даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар рӯзи 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардид. Барои тамошои ин бозӣ ҳудуди даҳ ҳазор мухлисон ба варзишгоҳ рафтаанд.

Ин бозиро Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) дар майдон ва Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ), Насим Ҳомидов (Душанбе) дар ду канори майдон, доварӣ кардаанд.

Ин бозии футбол ба ҳисоби 1 бар  2 ба охир расидааст, аммо мухлисони иддао доранд, ки як голи садсарсади  “Истарвшан”-ро довар ҳисоб накард.

То анҷоми бозӣ чаҳор футболбоз Насим Расулов («Оби Зулол»), 73, Равшан Азизов ("Хатлон"), 73, Парвиз Охунов («Хатлон»), 90+2, Қаҳрамон Ҳомидов («Оби Зулол»), 90+4 аз майдон хориҷ карда шудаанд.

Олимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол - 2019 маълум шуданд

Мухлисон сабаби ироаи муроҷиатномаро шарҳ дода, гуфтаанд, ки футбол дар Истаравшан яке аз  василаҳои шодӣ, барои онҳо аст.

“Агар касе ва ё чизе ба ин ҷиҳати мо мувофиқат накунад, дастаи дӯстдоштаи моро аз мусобиқот хориҷ кунед”, - омадааст, дар муроҷиатнома.

Мухлисон бо ироаи ин муроҷиатномаи худ аз ноиби Президенти ФФТ изҳори умедворӣ кардаанд, пас аз омӯхтани муроҷиати онҳо қарори дахлдор содир кунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ахиран Кумитаи доварии Федератсияи футболи Тоҷикистон довар Некрӯз Умаровро барои роҳ додани хатогиҳои ҷиддӣ ҳангоми бозӣ дар Лигаи футболи Тоҷикистон  аз доварӣ маҳрум кард.

Ин тасмим баъд аз бозии “Регар-ТадАЗ” –“Хуҷанд” гифта шуд, ки онро Некрӯз Умаров доварӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0