11:02 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Ҷудо, акс аз бойгонӣ

Ҷудокорони тоҷик дар Ҷопон тамрин карданду дар чемпионат иштирок мекунанд

© Judotmz.jimdo
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи ҷудо ҷамъомади машқӣ-омӯзиширо, ки 12 август дар шаҳри Аомории Ҷопон оғоз шуда буданд, ба анҷом расонд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тими миллии кишвар дар ҳайати 6 варзишгар – Хайёмиддин Ҷабборов, Беҳрӯз Хоҷазода, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар марҳилаи аввали давраи машқу тамрини фишурда дар шаҳри Аомории Ҷопон иштирок намуд. Марҳилаи дуюм моҳи июни соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, ки ин тадбири варзишӣ дар асоси Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории давлати Ҷопон баргузор гашт, ки дар доираи сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон 5 октябри соли 2018 ба имзо расида буд.

“Ҷудокорони тоҷик дар ҷамъомади 12-рӯза дар Аоморӣ ҳамроҳ бо донишҷӯёни Донишгоҳи ҷудои Ҷопон ба машғулиятҳои тамриниву омӯзишӣ фаро гирифта шуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намудаанд. Аз ҷумла, онҳо дар маросими ҷопонии “Асамуши Небута” ширкат карда, як шом меҳмони раиси шаҳри Аоморӣ буданд”, - иттилоъ додааст Кумита.

Ин ниҳод афзуд, ки 24 август - ҳайати даста аз шаҳри Аоморӣ ба Токио сафар карда, 25-31 август дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо, ки яке аз мусобиқаҳои муҳим барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба ҳисоб меравад, иштирок мекунад.

Дар Чемпионати ҷаҳон ба ҳайат аъзои дигари дастаи мунтахаб Сомон Маҳмадбеков, Саидҷалол Саидов, Шакармамад Мирмамадов ва сармураббии даста Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳамроҳ мешаванд.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар Чемпионати ҷаҳон дар риштаи ҷудо 860 варзишгар, 519 мард, 341 зан аз 179 давлат иштирок мекунанд. Мусобиқот давоми 8 рӯз дар маҷмааи варзишии “Ниппон Будокан” сурат мегирад.

Барчаспҳо:
Паҳлавонон, тамрин, чемпионати ҷаҳон, Ҷоми ҷудои Осиё, ҷудокор, Тоҷикистон-Ҷопон

Мавзӯъҳои асосӣ