11:39 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Теннисная ракетка, архивное фото

Оғози сабқати наврасон барои Ҷоми Президент: ҷоиза аз 500 то 1000 доллар

CC0 / Pixabay
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии X Мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасони то 17-сола барои Ҷоми Президент баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Абдухолиқзода Лутфия, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни маросими ифтитоҳ гуфт, мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президент басо рамзӣ мебошад, зеро варзиш яке аз самтҳои афзалияноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат интихоб гардидааст.

Абдухолиқзода маҳаки асосии сиёсати давлату Ҳукуматро солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва тарғиби идеяи миллати солим арзёбӣ кардааст.

“Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад. Варзиш беҳтарин воситаи муаррифӣ кардани давлату миллат мебошад”, - овардааст Лутфия Абдухолиқзода аз қавли раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо мақсади рушди теннис дар ҷумҳурӣ бо фармони раисиҷумҳур аз 19 марти соли 2005 нахустин мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президент гузаронида шуд.

Манбаъ афзуд, ки баъдан дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006, №340 ҳамасола рӯзҳои 23-27 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи мазкур баргузор мешавад, ки имсол даҳсолагии он таҷлил мешавад.

Дар заминаи мусобиқаи мазкур, аз соли 2017 дар ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии теннис мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис “Tajikistan Open” ва “Tajikistan tennis Federation Cup” доир мегарданд, ки ба рушди бемайлони ин намуди зебои варзиш мусоидат мекунад.

Дар маросими оғози мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон низ меҳмононро аз 9 давлати дунё хайрамақдам гуфт.

“Боварии комил дорам, ки мусобиқаи имсола низ дар замири варзишгарони навраси 10 давлати дунё дӯстиву рафоқат, якдиливу ҳамбастагӣ ва чеҳраҳои нави варзиши теннисро ба арсаи байналмилалӣ муайян ва пешкаш менамояд”, - изҳор доштааст Абдуллозода.

Кумитаи миллии олимпӣ зикр намудаст, ки дар мусобиқаи имсола варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Белорус, Канада, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат менамоянд. Тоҷикистонро 12 варзишгар - 6 писар, 6 духтар намояндагӣ мекунанд. Қувваозмоиҳо дар корти тенниси “Роҳи оҳан” доир гарданд ва ғолибон бо 1000 доллари ИМА, барандагони ҷои дуюм бо 800 доллар ва ҷои сеюм бо 500 доллари ИМА қадрдонӣ мегарданд.

Барчаспҳо:
ҷоми раисиҷумҳур, ҷом, теннис, Кумитаи миллии олимпии ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ