Финал: Тоҷикистону Қазоқистон барои Ҷоми Президент рақобат хоҳанд кард

© ФФТМолодежная сборная Таджикистана
Молодежная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фардо 28 августи соли равон дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар финали Ҷоми футболи Президенти Қазоқистон бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Қазоқистон, рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бозии ниҳоӣ дар шаҳри Нур-Султон   баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати мухлисони футбол ба ноиби Президент: доварон ришва мегиранд ё бесаводанд - видео

26 август  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар Ҷоми футболи Президенти Қазоқистон ба пирӯзии нав соҳиб шуд.

Дар бозии дуюми гурӯҳи “В” тими Тоҷикистон дастаи мунтахаби  наврасони   Қазоқистонро  бо ҳисоби 2:1  мағлуб намуда, соҳиби роҳхат ба даври финалӣ гардиданд.

Рақибони футболбозони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол - 2019 маълум шуданд

Рақиби дастаи    мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дар Ҷоми Президенти Қазоқистон   дастаи мунтахаби наврасони   то 17-солаи Қазоқистон       муайян шуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар даври якум  дастаи  мунтахаби наврасони  Тоҷикистон дастаи мунтахаби наврасони  Арманистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд

Лентаи хабарҳо
0