00:27 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Дзюдо, архивное фото

Дзюдочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон мақоми панҷумро касб намуданд

© CC BY 3.0 / wikimedia
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
287 0 0

Варзишгарони маъруфи тоҷик– Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Ҷопон ҷараён дорад, ҷои панҷумро ишғол намуданд.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дзюдочиёни тоҷик - Беҳрӯз ва Сомон 7- дастаӣ гуштин гирифтанд.

Манбаъ меафзояд, Беҳрӯз дар даврҳои муқаддамотӣ бар варзишгарони Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд Очир), Куба (Магдиел Эстреда), Косова (Акил Гйакова), Чин (Салйинҷиригала) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб шуд. Беҳрӯз сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Тоҳар Битбули исроилӣ ғалаба кард, аммо дар рақобат барои медали биринҷӣ аз варзишгари рус Денис Йартсев шикаст хурда, ҷои панҷумро ишғол намуд.

Ҷудокорони тоҷик дар Ҷопон тамрин карданду дар чемпионат иштирок мекунанд

Сомон бар варзишгарони Капе Верде (Магнер Мендес), Шведсия (Томи Макиас), Молдова (Виктор Стерпу), Люксембург (Клаудиос Сантос) ғолиб омада, дар чорякфинал аз намояндаи Руссия Денис Йартсев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Билол Чилоғлуи туркро шикаст дода, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб гардид.

Дар ин вазн Шоҳеӣ Онои ҷопонӣ медали тилло, Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ медали нуқраро сазовор шуданд.
Варзишгарони мо барои ҷои панҷум дар Чемпионати ҷаҳон сазовори 720-холӣ гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ беҳтар намуданд.

Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Акино дар Душанбе

Маврид ба зикр аст, ки фардо қувваозмоиҳои вазни -81кг миёни мардон, -63кг миёни бонувон доир мегардад. Варзишгари мо Акмал Муродов миёни мардҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.

Барчаспҳо:
Токио, мусобиқа, Варзишгарони тоҷик, дзюдо

Мавзӯъҳои асосӣ