Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо ҷои панҷумро ишғол карданд

© Фото : Сайт журнал "Таджикская молодежь"Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан
Спортсмен Сомон Махмадбеков посетит Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Токиои Ҷопон ҷараён дорад ҷои панҷумро ишғол намуданд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Варзишгарони маъруфи кишвар – Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Токиои Ҷопон ҷараён дорад, ҷои панҷумро ишғол намудандиттилоъ додааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Комроншох Устопирён, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Комроншоҳ 2 зина поён, Сомон 11 зина боло шуд: раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо

Бино бар иттилои манбаъ, дар рӯзи сеюми чемпионат қувваозмоиҳои вазни -73 кило миёни писарон ва -57кг миёни духтарон сурат гирифт. Ду варзишгари Тоҷикистон – Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков 7-дастӣ гуштин гирифтанд.

Беҳрӯз дар даврҳои муқаддамотӣ бар варзишгарони Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд Очир), Куба (Магдиел Эстреда), Косова (Акил Гйакова), Чин (Салйинҷиригала) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб шуд. Беҳрӯз сипас дар қувваозмоии тасаллобахш бар Тоҳар Битбули исроилӣ ғалаба кард, аммо дар рақобат барои медали биринҷӣ аз варзишгари рус Денис Йартсев шикаст хурда, ҷои панҷумро ишғол намуд.

Сомон Маҳмадбеков бар варзишгарони Капе Верде (Магнер Мендес), Шведсия (Томи Макиас), Молдова (Виктор Стерпу), Люксембург (Клаудиос Сантос) ғолиб омада, дар чорякфинал аз намояндаи Руссия Денис Йартсев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш Билол Чилоғлуи туркро шикаст дода, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров мағлуб гардид.

Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷудокорони тоҷик дар Ҷопон тамрин карданду дар чемпионат иштирок мекунанд

Дар ин вазн Шоҳеӣ Онои ҷопонӣ медали тилло, Рустам Оруҷови озарбойҷонӣ медали нуқраро сазовор шуданд.

Тавре кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ додааст, варзишгарони Тоҷикистон барои ҷои панҷум дар Чемпионати ҷаҳон сазовори 720-холӣ гардида, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ беҳтар намуданд.

Дирӯз – 26 август варзишгари мо Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни -66кг дар даври аввал аз ҳарифи испаниаш Алберто Мартин шикаст хурд.

Имрӯз  қувваозмоиҳои вазни -81кг миёни мардон, -63кг миёни бонувон доир мегардад. Варзишгари мо Акмал Муродов миёни мардҳо барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.

Лентаи хабарҳо
0