00:48 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Дзюдо, архивное фото

Қаҳрамонии ҷаҳон барои ҷудочиёни тоҷик ба анҷом расид

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
324 0 0

Ҳамин тариқ Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки феълан дар шаҳри Токио ҷараён дорад, барои варзишгарони тоқик бе пирӯзӣ анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Дар рӯзи 7-уми рақобатҳои Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ду ҷудочии гаронвазни тоҷик Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ҳарду дар давзни беш аз 100 кг рӯи татамӣ баромаданд.

Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи Белорусия Александр Вахавиак бо пирӯзӣ оғоз кард.

Дзюдочиёни тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон мақоми панҷумро касб намуданд

Дар марҳилаи сеюм Темурро қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, пешсафи рейтини ҷудочиёни вазни беш аз 100 кг намояндаи кишвари Гурҷистон Гурам Тушишвили интизор буд. Дар ин набард Темур аз рақибаш шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб шуд.

Шакармамад Мирмамадов низ пас аз ду пирӯзӣ аз рақиби чехиягиаш - Лукас Крпалек дучори шикаст шуд. Ҳамин тавр Чемпионати ҷаҳон барои ҷудочиёни тоҷик хотима ёфт. Акнун паҳлавонони тоҷик барои мусобиқаҳои оянда омодагӣ мегиранд.

Рақибони ҷудочиёни тоҷик дар чемпионати ҷаҳон муайян шуданд

Барчаспҳо:
ҷудо, қаҳрамонии ҷаҳон, Токио

Мавзӯъҳои асосӣ