00:44 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Футбольный мяч на поле, архивное фото

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи милли олимпии кишвар, бо ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар сартосари ҷумҳури мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардад.

Манбаъ меафзояд, сар аз 1 то 5 уми сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ мусобиқаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба волейбол байни мардон ва дзюдо миёни ҷавонон дар се категорияи вазнӣ доир мегардад.

Гуфта мешавад, дар мусобиқот дастаҳои шаҳру навоҳии вилоят иштирок мекунанд ва ба ғолиби мусобиқаи волейбол 4000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ғолибони мусобиқаи дзюдо миёни ҷавонон 3000 сомонӣ, барандагони ҷои дуюму сеюм мутаносибан 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ ҷоизапулӣ дарёфт хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Қазоқистон сазовори ҷои дуюм шуд

Зимнан аз 2 то 6 сентябр бошад, миёни ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои волейбол ва футболи хурд сурат мегирад. Ғолибони мусобиқот бо 4000 сомонӣ, ҷои дуюм бо 3000 ва ҷои сеюм бо 2000 сомонӣ ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Манбаъ меафзояд, мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Истиқлолият бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини оммавияти варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нави варзиш роҳандозӣ мегардад.

Барчаспҳо:
ҷом, мусобиқа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ